class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

АХБОРИ ОҶИЛ:

Давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон 5486 оила вайрон шудааст



Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, омори вайроншавии оилаҳо дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Вазорати адлия гфт тайи шаш моҳи соли равон дар кишвар 5486 оила аз ҳам пошидааст.

Номбурда ин нуктаро имрӯз зимн нишасти хабарии вазорат иттилоъ дода гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 570 адад кам мебошад.

Ба иттилои манбаъ аз ин теъдод 3 974 оила бо қарори додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ  ва бо аризаи якяҷоя 1490 оила аз ҳам чудо шудаанд.

Манбаъ мегӯяд,  дар пайи ин азҳампошии оилаҳо 5356 кӯдакон ба тарбияи яке аз волидон гузаштанд

Гуфта мешавад, камшавии оилавайроншавӣ танҳо тайи се моҳи охир ба назар мерасад.

Ёдовар мешавем,  бар асоси оморҳои расмӣ давоми як соли гузашта  12 ҳазору 482 оила аз ҳам пошидааст. Ин рақам дар қиёс ба ду соли гузашта 1 ҳазору 469 ҳолат зиёд будааст.


Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив