class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

АХБОРИ ОҶИЛ:

Таъкиди Раҳмон аз паҳншавии коронавирус: қоидаҳои беҳдоштро риоя кунед

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз сокинони водии Вахш даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд. Ӯ ба роҳбарон супориш дод, то вазъи муассисаҳои тандурустиро беҳтар гардонанд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар ноҳияи Ҷайҳун аз сокинони водии Вахш даъват кард, ки оидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибонро риоя кунанд.

"Бори дигар зарурати аз ҷониби ҳар як шахс риоя гардидани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибону мутахассисонро хотирнишон менамоям", - гуфт президент.

Ӯ ба роҳбарони водӣ таъкид кард, ки беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ яке аз аввалин вазифаҳои онҳо дар шароити пандемия аст.

"Дар шароити имрӯза, ки паҳншавии бемории коронавирус боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари мо гардидааст, ҳалли масъалаҳои беҳтар кардани таъминоти муассисаҳои тандурустӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем, имрӯз 28 май президенти Тоҷикистон бо сафари як ба вилояти Хатлон рафт. Боздиди раисҷумҳур аз ноҳияи Ҷайҳун оғоз ёфт. 

Ӯ бештар таъкид ба истифодаи самараноки замину ҳосилғундорӣ кард.


Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив