Дар кӯҳҳои Помир 35 неругоҳи хурди барқӣ сохта мешавад

Дар кӯҳҳои Помир 35 неругоҳи хурди барқӣ сохта мешавад

Ин ба 12 ҳазор сокинони вилоят имкон медиҳад, ки бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо кунанд.

Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дохил аст) барои бо неруи барқ таъмин кардани деҳоти ВМКБ 25,2 млн долллар грант медиҳад.
Созишномаи имзошударо байни ин Ассотсиатсия ва ширкати “Помир Энержи” рӯзи 22-юми апрел палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасдиқ кард.
Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода қайд кард, ки дар созишномаи лоиҳавӣ бо барқ таъин кардани 61 деҳа дар қаламрави ВМКБ: 20 деҳа дар ноҳияи Мурғоб, 21 – дар Рӯшон, 9 – дар Ванҷ, 4 - дар Дарвоз, 3-тогӣ – дар Роштқалъаву Шуғнон ва 1 деҳа дар ноҳияи Ишкошим пешбинӣ шудааст.
“Яке аз вижагиҳои лоиҳа дар он ифода меёбад, ки 35 деҳа дар мавзеҳои душворгузару дурдасти кӯҳӣ ҷойгир буда, ягона роҳи бо барқ таъмин кардани онҳо бунёди нерӯгоҳҳои хурд мебошад”, - гуфт вазир.
Дар доираи татбиқи лоиҳа харидорӣ ва насби панелҳои офтобӣ (дар 18 деҳа), дастгоҳҳои шамолӣ (дар 6 деҳа) ва таҷҳизот барои неругоҳҳои хурд (дар 11 деҳа) пешбинӣ шудааст.
Барои таъмини 26 деҳаи дигар сохтмон ва таъмиру навсозии наздики 240 километр хатҳои интиқоли барқ дар назар аст.
Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа дар ҳар кадоме аз 61 деҳа трансформаторҳои тақсимотӣ насб карда мешаванд.
“Пас аз амалисозии лоиҳаи мазкур тақрибан 12 ҳазор нафар бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо мекунанд”, - илова кард вазир.

Комментарии (0)

Оставить комментарий