Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон орд медиҳад: азму нигарониҳо дар суҳбати Раҳмон бо Тоқаев

Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон орд медиҳад: азму нигарониҳо дар суҳбати Раҳмон бо Тоқаев
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қазоқистонияш, Қосим-Жомарт Тоқаев густариши ҳамкориҳо ва додугирифт дар пасманзари пандемияи коронавирусро баррасӣ кард

 Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Қазоқистону Тоҷикистонро шарикии муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва анъанаҳои дерини муносибатҳои нек ва дастгирии тарафайн мепайванданд, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон омодагии кишварро барои таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти барвақтии меваю сабзавот дар ҳаҷми зарурӣ, ҳамчунин интиқоли пиёз иброз доштаст. Мавзӯи интиқоли пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистон ва воридоти орд аз Қазоқистон аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбати сарвазирони тоҷику қазоқ дар рӯзи гузашта буд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ва Тоқаев ба ҳамдигар дар бораи вазъияте, ки имрӯз дар пасманзари пандемияи коронавирус дар ду мамлакат ба миён омадааст, маълумот доданд. Дар ин ҳошия ба Ҳукумат ва роҳбарияти Қазоқистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар ин давраи барои ҳама мушкил изҳори ташаккур карда шуд.

Ба  иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вокуниши саривақтии Қазоқистони бародарро ба паҳншавии ин сирояти хатарнок зикр намуда, ба тадбирҳои қатъие, ки бо ин мақсад аз ҷониби роҳбарият ва Ҳукумати Қазоқистон андешида шуданд, баҳои баланд дод.

Президентҳо дар идома бо нигаронӣ аз равандҳои ҳарчи бештар ба буҳрон фурӯ рафтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва оғози таназзули нави глобалӣ изҳори ақида намуданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, дар робита ба ин аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар мубориза бо пайомадҳои пандемияи коронавирус таъкид гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий