Даъвати Рустами Эмомалӣ: Палатаи ҳисоб кори шаҳрдориро бисанҷад

Даъвати Рустами Эмомалӣ: Палатаи ҳисоб кори шаҳрдориро бисанҷад
Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ аз Палати ҳисоб даъват кард, ки шаффофияти фаъолияти шаҳрдириро бисанҷад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2019 дархост,  ирcол  намуд.

"Мақсади санҷиш таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти шаҳри Душанбе мебошад".

Дар ин бора Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тибқи иттилои  манбаъ,  ин бори аввал нест, ки раиси шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба мақомоти дахлдор  дархост пешниҳод менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий