Сипоси Ятимов ба Аҳмад Зиё барои ошкорсозии қасди террори мудҳиш дар Тоҷикистон

Сипоси Ятимов ба Аҳмад Зиё барои ошкорсозии қасди террори мудҳиш дар Тоҷикистон
Аҳмад Зиё Сироҷ, роҳбари мақомоти амнияти миллии Афғонистон бо ҳамтои тоҷикистонияш Саймумин Ятимов густариши ҳамкориҳо барои таҳкими амниятро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон барои ошкор сохтани гуруҳҳои террористӣ ба Аҳмад Зиё изҳори сипос кардааст

 Аҳмад Зиё, раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон бо ҳайати баландпоя рӯзҳои 14-15-уми январ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Манбаъ афзуд, "ҷониби Тоҷикистон миннатдории худро ба Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон барои ошкор сохтан, муборизаи беамон бурдан ба муқобили  гурӯҳҳои террористие, ки омодагии махсус дида, барои содир намудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Тоҷикистон супориш гирифта буданд, изҳор дошт".

Дар иттилоия гуфта нашудааст, ки мушахассан гап дар бораи кадом гуруҳҳо аст ва чӣ супоришҳо дар мавриди Тоҷикистон гирифта будаанд.

"Тарафҳо ибрози нигаронӣ карданд, ки қаламрави Афғонистон бо дахолати қувваҳои муайяни тахрибкори байналмилалӣ ба майдони ҳарбу зарб табдил ёфтааст. Ин ҳолат боиси эҷоди хавфу хатар барои кишварҳои ҳамсоя низ мебошад", - омадааст дар иттилоия.

Дар идома аз таҳдиди мустақими созмонҳои террористии байналхалқӣ, аз ҷумла “ал-Қойида”, “Давлати исломӣ”, “Ҳизби наҳзати ислом”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҳаракати исломии Туркистон” ва ғайра таъкид гардидаст.

Зикр аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳолест, ки раёсати ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон иддаои террористӣ буданашро дорои ангезаи сиёсӣ гуфта, даст доштанаш дар тахрибкориҳоро рад мекунад.  

Дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик таъкид намудаанд, ки тарафҳо омодагии худро барои боз ҳам амиқтар гардонидани ҳамкориҳо барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир таъкид карданд.

Дар фарҷоми мулоқот Аҳмад Зиё Сироҷ аз натиҷаи ташрифи худ ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз Саймумин Ятимов даъват кардааст, ки дар фурсати муносиб ба Афғонистон сафари корӣ анҷом диҳад. Дар иттилоия таъкид шудааст, ки даъват пазируфта шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий