Арафаи интихобот: Президент теъдоди кормандони дастгоҳи КМИР ва мошинҳоро муайян кард

Арафаи интихобот: Президент теъдоди кормандони дастгоҳи КМИР ва мошинҳоро муайян кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон сохтори Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро тасвиб кард

 Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадди ниҳоии кормандони дастгоҳи КМИР бидуни ҳайати хизматрасон 14 нафар муайян карда шудааст.

Инчунин барои дастгоҳи КМИР ду мошини хидматӣ ҷудо шуда, таъкид гардидааст, маблағгузории кори дастгоҳ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад.

Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, 7 нафарро ба раёсат ва узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд ва парлумон номзадияшонро қабул кард.

Аз ҷумла Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъини дубораи Худоёрзода Бахтиёр Таварро ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, таъини Абдуҷаббор Қодирзода ба мақоми муовини раиси КМИР ва 5 узви комиссия - Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар, Салимӣ Носирҷон Юсуфзода,  Азизова Муистон Бердиевна, Шодмонбеков Юсуфбек Рустамбековичро ба тасвиб расонд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий