Тавсифи Раҳмон аз забондонии масъули ТАЛКО Павел Иванович - видео

Тавсифи Раҳмон аз забондонии масъули ТАЛКО Павел Иванович - видео
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз забондонии масъули ТАЛКО Дик Павел Иванович истиқбол карда изҳори миннатдории аҳли толорро ба ӯ расонд

Дик Павел Иванович - мудири умури иқтисодӣ ва ҳайати коргарони ширкати ТАЛКО, ҳафтаи равон зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Иттиҳодияҳои Иттифоқи касаба гузоришашро ба забони тоҷикӣ бурро ва бехато хонд.

Ӯ гуфт "ман Дик Павлович - корманди корхонаи воҳиди давлатии ширкати Алюминии тоҷик ва аъзои Иттифоқи касабаи он мебошам. Иҷозат фармоед, аз номи аҳли заҳмати ширкати Алюминии тоҷик ва аъзоёни Иттифоқи касабаи соҳаи саноат геология ва маъдан ва метталургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории хешро оид ба дастгирии ҳамешагии шумо, иброз намоям", - гуфт Дик ва аз ҷараёни корҳои Иттифоқи Касаба гузориш дод.

Дик афзуд, ки солҳои охир ҳиссаи соҳаи саноат дар нишондиҳдандаҳои макроиқтисодии мамлакат тамоюли болоравӣ дошта, дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои нав ба истифода медарояд.

Гузоришашро Дик Павлович пурра ба забони тоҷикӣ омода карда ва бехатою бо оҳанги тоҷикона пешкаши раҳбари далат кард. Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон, аз забондонии масъули ТАЛКО Дик Павел Иванович истиқбол карда изҳори миннатдории аҳли толорро ба ӯ расонд.

- Павел Иванович мактабро дар шаҳри Турсунзода хатм кардаед? - Ҳа.
- Дар шаҳри Турсунзода таваллуд шудед? - Бале.

Аҳсан гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

 - Куҷоро хатм кардед? - Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро.
- Зану фарзанд дар шаҳри Турсунзода? - Ҳам, зану фарзанд он чо, - посух дод Дик.

"Барои ҳамин эҳтиром нисбат ба мардуми тоҷик ва забони тоҷиӣ ба шумо аз номи ҳамаи ҳозирин як ҷаҳон таҳаккур мегӯям" - , илова кард Раҳмон.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулини бахши саноати кишвар гуфт, Ҳукумат талош дорад, бо дарназардошти фарсудашавӣ ва куҳна шудани таҷҳизоти як қатор корхонаҳо,  алалхусус, корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷик”, ки 44 сол пеш бунёд гардида буд, ба онҳо сармояи ватаниву хориҷиро ҷалб намояд.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки бо ин мақсад қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019 қабул шуд, ки тибқи он Корхонаи воҳиди давлатӣ ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ширкати алюминийи Тоҷик” табдил дода мешавад.

“Дар назар аст, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар дурнамои наздик корхонаи истеҳсоли алюминийи аввалия бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол ба истифода дода мешавад ва корхонаи нав бо низоми автоматикунонидашудаи идораи равандҳои технологӣ ва технологияҳои каммасраф муҷаҳҳаз гардонида шуда, арзиши аслии алюминий дар он паст мегардад”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Комментарии (0)

Оставить комментарий