Ӯзбекистон узви Шӯрои туркҳо шуд

Ӯзбекистон узви Шӯрои туркҳо шуд
Ӯзбекистон расман узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон шуд, ки бо номи Шӯрои туркҳо низ маъруф аст. Тасмими қабули Ӯзбекистон ба узвияти шӯро 15 октябр дар саммити кишварҳои узв дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон гирифта шуд.

Шӯрои туркҳоро моҳи октябри соли 2009 Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия таъсис доданд. Соли 2018 дар саммити шӯро дар Қирғизистон Венгрия ҳамчун кишвари нозир ба ҳайати он пайваст.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар саммити 15 октябр раҳбари фахрӣ ва якумрии Шӯрои туркҳо эълом шуд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар саммити Боку як қатор пешниҳодҳо карда, аз ҷумла хост, бунёди муштараки сармоягузорӣ таъсис ва утоқҳои бозаргонии кишварҳои туркзабон боз карда шавад. Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар доираи Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон Форуми соҳибкорони ҷавон ташкил ва нахустин ҷаласаи он соли оянда дар ин кишвар баргузор гардад

Комментарии (0)

Оставить комментарий