ДАҲШАТ! ҚАСДИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАР АЗ ҶОНИБИ ПАДАР

ДАҲШАТ! ҚАСДИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАР АЗ ҶОНИБИ ПАДАР
20.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Турсунов Раҷаббой Валиевич 1972 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқоматкунандаи ҷ/д Ғозиён, кӯч. Ҳ.Умаров х.36 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 17.09.2019 сол тахминан соати 23.00-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш нисбати духтараш, Турсунова Шоираҷон Раҷаббоевна 2000 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, бидуни хоҳишу розигии охирон, мехост ҳаракатҳои зӯроварӣ дорои хусусияти шаҳвониро анҷом намуда, аммо духтараш, Турсунова Ш.Р. муқобилият нишон дода, охиронро тела кардааст. Шаҳрванд Турсунов Р.В. ба ғазаб омада, аз мӯи сари духтараш, Турсунова Ш.Р. гирифта, се маротиба ба девори хона зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Нисбати шаҳрванд Турсунов Р.В. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қ.3 ва 139 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий