Қирғизистон амалкарди марзбонони тоҷикро маҳкум намуда, ба сафир нота супорид

Қирғизистон амалкарди марзбонони тоҷикро маҳкум намуда, ба сафир нота супорид
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек дар робита ба вазъияти феълӣ дар марзи ду кишвар, нотаи эътирозӣ супорид

 Қирғизистон дар бастагӣ ба тирпарронӣ дар марз ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек  Суҳроб Олимзода нотаи эътирозӣ супоридаст, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Бар хабари манбаъ, нота аз ҷониби нахуст муовини Вазири умури хориҷии Қирғизистон Нуран Ниязалиев ба дипломати тоҷик супурда шуд.

Зикр мегардад, ки дар нотаи ирсолгардида, ҷониби Қирғизистон аз амалкарди марзбонони тоҷик вобаста ба тирпарронӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки барои ба эътидол даровардани вазъият дар марз аз тамоми чораҳо кор бигиранд.

Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16 - уми сентябр рух дод, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз ҳалок ва чандин шаҳрвандони Тоҷикистон захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Мақомти Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон дар роҳи Исфара-Ворух тасмим гирифтааст постгоҳ созад. Ин иқдоми Қирғизистон боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон шуд. Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки ҳоло хатти сарҳад аломатгузорӣ нашудааст ғайри қонунӣ мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий