Тоҷикистону Эрон дар мавриди истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор табодули назар карданд

Тоҷикистону Эрон дар мавриди истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор табодули назар карданд
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон зимни мулоқот бо Муҳаммад Исломӣ, вазири роҳу шаҳрсозии Эрон дар бораи истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор табодули назар карда, ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ карданд

 Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ахиран дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Муҳаммад Исломӣ, вазири роҳу шаҳрсозии  ин кишвар мулоқот кард.

Тавре манбаъ хабар додааст, зимни мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои ҳамлу нақл ва роҳсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақши татбиқи лоиҳаҳои мушаххас ҷиҳати пайвастани ду кишвар аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ муҳим арзёбӣ гардид.

“Дар ин росто ҷонибҳо роҳандозии парвозҳо дар хатсайри  Машҳад-Душанбе-Машҳадро омили мусбати рушди робитаҳои дуҷониба унвон карда, зарурати барқарории парвозҳоро миёни пойтахтҳои ду кишвар таъкид карданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо доир ба истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор дар густариши содироту воридоти молу маҳсулот дар минтақа табодули назар карданд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Теҳрон  Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва  раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои  тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон мулоқот кард.

Зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар соҳаи барқ ва об мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин зарурати ҳамкории ҷонибҳо дар анҷоми корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол” таъкид гардид.

Ҷонибҳо доир ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 13-уми қарибулвуқӯи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар намуда, аҳаммияти ҷаласаи мазкурро дар дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий