Дар Теҳрон кӯча ба номи террорист Холид ал-Исламбулӣ ҳаст…, кӯчаи Фирдавсӣ нест!

Дар Теҳрон кӯча ба номи террорист  Холид ал-Исламбулӣ ҳаст…, кӯчаи Фирдавсӣ нест!
36 сол пештар, 6-уми октябри соли 1981 яке аз сиёсатмадорони дар ҳамон давра шинохта, ки бо иқдомоти тозааш дар сиёсати давлатдории Миср таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб карда буд, дар мазҳари ом кушта шуд. 
Дар он рӯзи тирамоҳӣ, дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Қоҳира паради ҳарсолаи ҳарбӣ ба муносибати хотима ёфтани ҷанги Арабу Исроил (1973) баргузор гардид. Дар чорабинӣ тамоми роҳбарияти олии Миср, аз ҷумла Президенти кишвар Анвар Содот, муовини ӯ Ҳусни Муборак ва дигарон иштирок доштанд. Онҳо гузашти қаторҳои низомиён ва техникаи ҳарбии Мисрро, ки пурқувваттарин артиш дар Шарқи Наздик дониста мешуд, боифтихору ҳаловат тамошо доштанд. Ҳангоме, ки аз болои майдон ҳавопаймоҳои қиркунандаи тамғаи «Мираж» мегузаштанд, диду диққати ҳама ҷониби онҳо банд шуд. Дар ин лаҳза, дар майдон, рӯ ба рӯи минбаре, ки Анвар Содот қарор дошт, мошини махсуи боркаши ҳарбии интиқоли техникаи вазнин истод. Афсарони муҳофизи Президент  гумон карданд, ки он вайрон шудааст.  Дар ин лаҳза аз мошин нафаре бо сару либоси лейтенанти ҷузъу томҳои десантӣ фаромад ва норинҷаки дар дасташ бударо ҷониби минбар ҳаво дод. Норинҷак ба ҷои нишонгирифта нарасида, таркид. Сипас лейтенант аз автомат тир кушод. Ин вақт, аз мошин боз чанд нафари дигар бо сару либоси десантӣ пойин шуда, ба тирпарронӣ ҳамроҳ шуданд ва ҳамзамон ҷониби минбар норинҷак мепартофтанд. Дар мошин як нафари дигар монда буд, ки ҳадафнок Анвар Содотро нишон гирифта тирандозӣ мекард. Ӯ қаҳрамони   қувваҳои мусаллаҳи кишвар оид ба тирпарронӣ, Ҳусейн Аббос Алӣ буд. Дар пайи суиқасд Анвар Содот ва 6 нафар ашхоси дар атрофаш қарордошта, кушта шуданд. Ҳусни Муборак захмдор шуда, зинда монд ва тӯли 30 сол Президенти Миср буд.
Шаш нафар сӯиқасдчиён аз ҷониби мақомоти амниятии Миср боздошт гардиданд. Расман собит шуд, ки сарвари онҳо, афсаре, ки аввалин шуда ҷониби Анвар Содот норинҷак партофта, тирпаррониро оғоз кард, лейтенанти калони қӯшунҳои артиллерӣ Холид Аҳмад ал-Исламбулӣ буд. Ҳамон замон 24-сола буда, бо ташкилоти динии тундрави «Ал-Ҷиҳод» алоқамандӣ доштааст.  . Холид ал-Исламбулӣ  ва панҷ нафар ҳамроҳони ӯ аз тарафи суди Миср ба қатл маҳкум шуданд. Мақомот расман эълон кард, ки тундравон амали террористиро нисбат ба Анвар Содот ба хотири он анҷом додаанд, ки номбурда сиёсати ҷорӣ кардани сохти давлатдории дунявиро дар Миср пеш гирифта, қадамҳои аввалинро барои барқарор кардани сулҳи кишварҳои арабӣ бо Исроил гузошт. Бисёре аз давлатҳои арабӣ ба ин иқдоми Анвар Содот муқобил баромаданд.
Аммо дар баробари онҳо давлати дигаре дар минтақа бо сохти режими исломӣ тоза зуҳур карда буд, ки тобу тоқати дидани кишварҳои дунявиро надошту надорад. Ва ин мамлакат Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Раванди минбаъдаи таҳқиқи қазия ишора бар он мекард, ки хадамоти махсуси ин кишвар дар қатли Анвар Содот он қадар беҷурм нестанд, аммо чун аллакай террористони аслӣ ба қатл расонида шуда буданд, ниҳодҳои тафтишотии Миср натавонистанд ин далелро то ҳадди исботи комил расонанд. 
Дар Эрон бошад, берӯии дастандаркорони куштори як давлат то дараҷае боло гирифт, ки онҳо Холид Аҳмад ал-Исламбулии террористро  «шаҳиди роҳи ислом» эълон карданд, ба номаш кӯчаҳоро дар шаҳрҳои бузурги Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон, гузоштанд. 
Ҳадаф аз куштани Содот чӣ буд? Посухро метавон дар  роҳнамои идеологҳои инқилоби исломӣ Алии Шариатӣ ва Муртазо Мутаҳарӣ ҷустуҷу кард. Маҳз онҳо пешбинӣ карданд, ки ҳадафҳои инқилоби исломӣ дар дурнамо бояд бо ду роҳ тавсеа дода шаванд: аввалан  шиагардонии (шиаи исноашарӣ) мусалмонони суннӣ ва пайравони динҳои дигар; дувум ба миён овардани низоми исломии ҷаҳонӣ ё ба таври дигар судури инқилоби исломӣ ба дигар кишварҳои ҷаҳон. 
Албатта, вақте роҳбарони мазҳабии ҶИЭ чунин нақшаҳоро рӯи кор гирифта буданд, мавҷудияти як давлати дунявӣ (Миср) дар минтақаи зери назарашон, ки гузашта аз ин бо Исроил (Исроиле, ки агар ҶИЭ имконият медошт, дар они воҳид аз он ному нишон дар рӯи замин намегузошт) аллакай сулҳ баста буд, ниятҳои онҳоро барбод медод.    
Тавре маълум аст, ҳукумати имрӯзаи Эрон ҳанӯз соли 1979 бо роҳи ғасби ҳокимият рӯи кор омада, то ҳол зери шиорҳои динӣ-мазҳабӣ гурӯҳҳои экстремистию террористиро пуштибонӣ ва  маблағгузорӣ менамояд. Ин рафтори роҳбарияти олии ҳукумати  Эрон боис гардидааст, ки дар минтақаи Ховари Миёна ва дигар гӯшаҳои сайёра ташкилотҳои террористии дигар таъсис ёфта, ба амалҳои зишту зиддибашарӣ даст бизананд. Барои чунин амали нангини худро қонунӣ кардан, ҳукумати охундҳо, маҳз ҳамин нуктаро, яъне пуштибони ҳаракатҳои динии террористиро дар дебочаи конститутсияи худ ҷой додааст. 
Чунин амали ғайриахлоқии хешро охундҳои эронӣ ҳанӯз солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, тавассути наҳзатиҳои террорист болои мардуми кишвари мо низ таҳмил карданд. Аз овардани теъдоди кушташудагони бегуноҳ ва зиёни ҳангуфти иқтисодӣ дар Тоҷикистон худдорӣ мекунем. Ин гуфтаҳо тавассути шоҳидони аслии ҷанги шаҳрвандӣ (аз тарафи мухолифин ва ҷонибдорони сохти конститутсионӣ) борҳо собит гардиданд. Баъди ба пуррагӣ ошкор шудани хиёнаткорию ваҳшониятҳои роҳбарону аъзои қатории созмони террористии ҲНИ ҳукумати Эрон на ба таври пинҳонӣ, балки ба таври ошкоро террористони наҳзатиро зери сояи худ гирифт. 
Заҳри неши моронаю шаҳди амалҳои қотилонаи ҳукумати охундиро на танҳо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамтамаддуни он - Тоҷикистону Афғонистон, балки давлатҳои ҳамҷаворе чун Ироқ, Сурия, Лубнон, Фаластин ва ғайра низ хеле зиёд чашидаанд. Кирдорҳои бади ин сиёсат боис гардидааст, ки вазъи сиёсӣ дар ин минтақа басо муташанниҷ гардида, муносибатҳои байнидавлатӣ сард шаванд. 
Ҳукумати ҷумҳурии исломӣ миллиардҳо маблағи аз ҳисоби захираҳои табиӣ ва дигар боигарҳои давлатӣ бадастомадаро барои тарҳрезию анҷом додани амалҳои террористӣ, пуштибонии молиявии террористон сарф мекунаду мардуми бечораю бегуноҳи Эрон, ки бо ин  режим ҳеҷ алоқамандие надоранд,  дар гуруснагию бенавоӣ умр ба сар мебаранд.
Имрӯз дар Эрон аз эроният нишоне намондааст. Ҳама кӯчаҳо бо номи террористоне чун Холид Аҳмад ал-Исламбулӣ номгузорӣ шудаанд. Бузургоне чун Ҳофизу Саъдию Фирдавсӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта истодаанд.
Дар ҳошияи чунин сиёсат, он рӯз дур нест, ки дар Теҳрон хиёбоне ба номи «Шаҳид Муҳиддин Кабирӣ» пайдо шавад. Зеро ӯ низ террорист аст ва пушти номи ислом он нақшаҳоеро пиёда месозад, ки хоҷагони охундаш дастур медиҳанд.

Эраҷи Меҳрдод

Комментарии (0)

Оставить комментарий