САДАМАҲОИ МАРГОВАР

САДАМАҲОИ МАРГОВАР

20.07.2019 тахминан соати 16:30-дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Хафей», р/д ТҶ 66-18 КН/02, Абдуллоев Шараф Облоқулович 1982 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯчаи Деваштич х.138, ронандаи хатсайри №6, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Айни-Панҷакент», дар 97-ум км, ҳудуди ҷ/д Чинори деҳаи Нуристони шаҳри Панҷакент бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Азимова Зарина Арзиқуловна 1985 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Чинор, деҳаи Нуристонро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Азимова З.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказӣ ба ҳалокат расидааст. 


20.07.2019 тахминан соати 12:30-дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Хундай-Голопер», р/д А 48-36 АА РТ/04, Маликмамадов Нозим Айдармамадович 1991 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи деҳаи Ямгӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ишкошим-Лангар-Тускул», дар 198-ум км, ҳудуди деҳаи Вранг ва Нижгар аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада а/м-ро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст. Дар натиҷа мусофирони а/м шаҳрвандон: 1).Савлатов Гулмамад 1954 с/т, 2).Савлатов Санавбар Гулмамадович 1982 с/т, 3).Саидбекова Гулбоғ Музафарбековна 1960 с/т, 4).Савлатов Абдулмамад Давлатович 1960 с/т, сокинони деҳаи Ямгӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  бардошта дар беморхонаи деҳаи Вранг ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигар шаҳрванд Солиев Аловат Давлатович 1974 с/т, истиқоматкунандаи деҳаи Ямгӣ дар ҳолати вазнин дар беморхонаи деҳаи Вранг бистарӣ гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий