Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳи Малайзия эътимоднома супорид

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳи Малайзия эътимоднома супорид
18 июли 2019 дар КуалаЛумпурСафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ эътимодномаи худроба Шоҳи Малайзия супорид

Пас аз маросими супоридани эътимоднома Шоҳи Малайзия ба Сафири Тоҷикистон дар масири иҷрои вазифаҳои масъулиятноки дипломатӣ муваффақият орзу намуд. Шоҳи Малайзия зикр намуд, ки барои рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои кофӣ мавҷуданд, ки онҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд ва изҳори умед намуд, ки таъйини Сафир ба ин раванд такон хоҳад бахшид.

Инчунин ҷонибҳо дурнамои рушди муносибаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамзамон ҳамкории фаъол дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Тоҷикистон арз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва халқҳои дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Комментарии (0)

Оставить комментарий