Ҳаннонов аз Персеполис ба тими "Сипоҳон"-и Исфаҳон гузашт
Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеъи миёнии собиқи тими «Персеполис"-и Эрон, ки аз аз ӯ ба унвони гузинаи мавриди алоқаи Маҳдии Тортор дар Гулгуҳар ном бурда шуда буд, бо мудирони Сипоҳон ба тавофуқ расид.Ба иттилои ин бошгоҳ ситораи тими милли Тоҷикистон бозигари дастаи Сипоҳони Исфаҳон шавад.Аз сӯи дигар бо таваҷҷуҳ ба қонуни «коҳиши саҳмияи бозикуни хориҷӣ ба далели кам бозӣ кардани онҳо дар фасли қабл», эҳтимолан яке аз саҳмияҳои «Сипоҳон» дар асари камтар аз ҳадди муҷоз бозӣ кардани Комсубо аз даст хоҳад рафт.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки имкон дорад футболбози тоҷикистонии дастаи футболи «Персеполис"-и Эрон Ваҳдат Ҳанноновро ба тими дигари эронӣ фурӯхта шавад.
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳаннонов дар ҳайати бошгоҳи футболи «Персеполис» қаҳрамони Эрон шуд.Соли 2021 Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров футболбозони тоҷик бо қарордоди сесола ба тими футболи «Персеполис"- и Эрон пайвастанд.Аммо чанде пеш тими «Персеполис» дар бораи фурӯши футболбози тоҷикаш фикрашро иваз кард.
Сармураббии тими Персеполиси Теҳрон таъкид карда, ки ба хотири камбуди мудофеъи канорӣ дар тимаш наметавонад муҷаввизи футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳаннонов содир кунад.Сармураббӣ ин тасмимашро баъд аз он гирифт, ки се бошгоҳи эронӣ «Сипоҳон"-и Исфаҳон, «Зуби оҳан"-и Исфаҳон ва «Гулгуҳар» -и Сирҷон хоҳони ҷазби ин бозингари тоҷикистонӣ шуданд.
САРЧАШМА:sputnik

Комментарии (0)