Тамоси ду узви Конгресси ИМА бо Аҳмад Масъуд ва пуштибонияшон аз Ҷабҳаи муқовимат

Тамоси ду узви Конгресси ИМА бо Аҳмад Масъуд ва пуштибонияшон аз Ҷабҳаи муқовимат
Ду вакили Конгресси ИМА дар як тамоси телефонӣ муқовимати миллии Афғонистонро таҳти сарварии Аҳмад Масъуд алайҳи "Толибон"* ситоиш кардаанд.

Линдси Грем ва Майк Валтз, ду сенатори амрикоӣ ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон занг зада, кӯшишҳои ӯро дастгирӣ кардаанд.

"Суҳбат бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ифтихору имтиёзи бузурге буд. Ман аз шунидани уҳдадориҳои ӯ дар муқовимат ба бераҳмии "Толибон"*-и афғон ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон қадрдонӣ мекунам",-гуфта мешавад дар изҳороти якҷояи вакилон, ки дар "Твиттер" нашр шуд.

Онҳо иддао доранд, ки кобина ва нерӯҳои "Толибон"* шомили "Ал-Қоида"* ва дигар гурӯҳҳои террористӣ аст, ки эътироф нашудани онҳо аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ба нафъи Амрикост.

"Мо аз ҳукумати Байден даъват мекунем, ки ба ҳама гуна кӯшиши эътирофи "Толибон"*-и Афғонистон ҳамчун ҳукумати ин кишвар ва ба дархости намояндагии ин гурӯҳ дар Созмони Милали Муттаҳид муқовимат кунад", - гуфтаанд Валс ва Грэм дар як изҳорот.


Ин дар ҳолест, ки қаблан парлумони Аврупо бо судури қатъномае хостори даъвати Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба иҷлоси парлумон ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо шуда буд.

Аҳмад Масъуд нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшерро раҳбарӣ мекунад. Ӯ пас аз суқути Кобул ба дараи Панҷшер рафт.

Дар оғоз Ҷабҳаи муқовимат ва "Толибон"* вориди музокирот шуданд, аммо гуфтугӯ ноком шуду ҷангҷӯён ҳамлаҳои худро ба Панҷшер оғоз карданд. Пас аз ду ҳафтаи ҷанг "Толибон"* эълон карданд, ки Панҷшерро гирифтанд, аммо нерӯҳои муқовимати миллӣ мегӯянд, ки Панҷшер комилан суқут накардааст ва муқовимат идома дорад.

* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Комментарии (0)

Оставить комментарий