Пул нест, дониш ҳам нест: Макотиби хусусӣ дар Бадахшони Афғонистон баста шуданд

Пул нест, дониш ҳам нест: Макотиби хусусӣ дар Бадахшони Афғонистон баста шуданд
Як манбаъ гуфта аст, ки макотиби хусусӣ ба далели набудани пул баста шуданд

Бепулӣ дар Бадахшони Афғонистон боиси баста шудани мактабҳои хусусӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории Sputnik Афғонистон.

Ба иттилои манбаъ, мактабҳои хусусӣ бинобар набудани пул ва ҳузури мардум дар шаҳристонҳои вилоят баста шудаанд.

Қаблан ин се зан аз сабаби набудани кор ва алимент аз ҷониби шавҳаронашон аз онҳо ҷудо шуда буданд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш хабар расид, ки се зан аз сӯйи ҳамсаронашон ба далели набудани кор ва пайдо накардани нафақа талоқ дода шудаанд. Ин кор санаи 22 сентябр дар ҳамин вилоят сурат гирифтааст.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки тасвири зане, ки фарзандонашро ба фурӯш гузоштааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.

Бино ба гузоришҳо, хонум духтари 10-солаашро 10 ҳазор ва писари 5-солаашро 20 ҳазор афғонӣ нархгузорӣ карда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий