Ниқобро бояд чӣ гуна пӯшид: тарафи кабуд аз берун бошад ё аз дохил?

Ниқобро бояд чӣ гуна пӯшид: тарафи кабуд аз берун бошад ё аз дохил?
Муайян гардидааст, ки на ҳама тарзи дуруст пӯшидани ниқоби тиббиро медонанд. Ҳарчанд аксари табибон мегӯянд, ки тарзи пӯшидани ниқоб фарқе надорад, муҳим бидуни ниқоб дар кӯчаҳо сайру гашт накунанд

Бештари табибон бар ин боваранд, ки пӯшидани ниқоб аз ҳар ду тараф иҷозат аст ва ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад.

"Шумо метавонед ниқоби тиббиро аз ҳарду тараф пӯшед. Муҳим ин ки, қабурғае, ки дар ниқоб ҷой дода шудааст, ба бинӣ сахт мувофиқ бошад", - гуфта буд табиби рус Александр Мясников.

Бо вуҷуди ин, истеҳсолкунандагони ниқоб қайд мекунанд, ки агар ниқоб ду ранга бошад, он гоҳ пӯшидани он фарқе дорад.

Ва пеш аз пӯшидан инсон бояд донад, ки ранги кабуд ва ё дар аксар маврид сабз аз аз берун бошад ва ё бараъкс аз дохил.

Гуфта мешавад, ҳар як қабати он хусусиятҳои ба худ хос дорад, ки ба тасаллӣ ва устувории маҳсулот таъсир мерасонанд.

Қабати сафед рутубатро ба худ мегирад, аз ҷамъшавии бухорҳои зери ниқоб муҳофизат мекунад, бинобар ин он бояд аз дохил бошад ва ба бинӣ часпад.

Қабати ранга,ки обхезанда аст, бояд аз берун бошад Зеро воридшавии моеъҳои биологӣ ва дигар моеъҳоро, ки метавонанд аз берун барои рӯй хатарнок ҳастанд, пешгирӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки ниқоб дар замони пандемия ҳамчун як навъ муд ҳам мақом пайдо кард. Аксари тарроҳон ба либосҳои омоданамудаи худ, ниқобҳои махсус ҳам тайёр мекунанд.

Илова бар ин, дар аксар кишварҳо ниқобро аз марвориду сангҳо омода мекунанд. Ҳатто дар Ҳиндустон як нафар ниқобашро аз тилло фармоиш дода буд вабовар дошт, ки тилло ӯро аз сироятшавӣ ба коронаиврус наҷот медиҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий