Садои тирпаррониро намешунавем: роҳбари сулҳҷӯён дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Садои тирпаррониро намешунавем: роҳбари сулҳҷӯён дар бораи вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ
Роҳбари нерӯҳои сулҳҷӯёни Русия дар Қаробоғи Кӯҳӣ генерал-лейтенант Рустам Муродов дар бораи вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ пас аз имзои созишномаи оташбас гуфт

 Вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба эътидол меояд, изҳор дошт роҳбари сулҳҷӯёни Русия генерал-лейтенант Рустам Муродов.

Вай таъкид кард, ки дар Қаробоғ тамоми амалиёти ҷангӣ ба анҷом расидааст.

"Дар минтақаи тамос тамоми намуди амалиёти ҷангӣ бозистонда шудаанд, имрӯзҳо ба гӯши мо садои тир намеояд, вазъ оҳиста-оҳиста ба эътидол меояд", - гуфт Муродов.

Ёдрас мешавем, шаби 10 ноябр Русия, Арманистон ва Озарбойҷон изҳорот дар бораи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳиро ба имзо расониданд. Пас аз ин, Ереван ва Боку дар ва мавқеҳояшон истоданд ва ба раванди табодули асири ҷангӣ оғоз карданд.

Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян созишномаи мазкурро барои худ вазнин арзёбӣ кард. Ӯ иқрор шуд, ки баъзан роҳи дигаре нест. Аммо, ба гуфтаи вай, ин созишномаба кашокаши Қарабоғ нуқта намегузорад. 

Дар ҳамин ҳол, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳор дошт, ки ин созиш ба муқовиматҳое, ки аз соли 1988 идома меёбанд, анҷом мебахшад.

Дар ҳошияи созишнома ба вазъро дар Қаробоғ сулҳоварони рус назорат мебаранд. Дар умум, ба ин минтақа ҳудуди 2 ҳазор низоми рус равон шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий