Байни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия Барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ба имзо расид
Барномаи мазкур зимни вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов дар ҳошияи ҷаласаи 9-уми Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризми байналмилалӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла табодули маълумоти фаврӣ-тафтишотӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромиллӣ танҳо дар натиҷаи кӯшишҳои дастҷамъонаи дуҷониба натиҷаи дилхоҳ медиҳанд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарчшма: khovar.tj

Комментарии (0)