Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба Остона рафт

Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба Остона рафт
​Субҳи имрӯз, 17-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии дуввуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ –Олмон» ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Манбаъ навишт, ки дар ин сафар президентро муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон имрӯз, 17-уми сентябр дар Остона бо ширкати сарони 5 давлати Осиёи Марказӣ ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс баргузор мешавад.

14:30 8 майБоздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз ТоҷикистонМаълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Олаф Шолтс ё дигар сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи ин нишаст суҳбати хоса анҷом медиҳад ё не.

Нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати роҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор шуда буд.

Дар ҳошияи нишасти соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуда, бо як қатор роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ карда буд.

Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий