Дар ним сол 124 млн сомонӣ. Даромади корхонаҳои тобеи Хадамоти алоқа ба таври назаррас афзуд
Даромади оператори миллии алоқаи «Тоҷиктелеком», КВД «Почтаи тоҷик» ва дигар воҳидҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳудуди 124 млн сомонӣ ё худ 11,6 млн долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда 35,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Даромад асосан аз ҳисоби хидматрасониҳо ба алоқаи телефони байнишаҳрӣ ва байнулмилалӣ (61,5%) ва интернет (29,0%) афзудааст.
Даромади операторони хусусии алоқа низ нисбатан камтар — 8,4% зиёд шудааст. Дар нимсолаи аввал онҳо ҳудуди 2 млрд сомонӣ (186 млн доллар) кор кардаанд.
Ҳиссаи операторони хусусӣ дар бозори хидматрасонии алоқаи ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал 94,1%-ро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, то оғози нимсолаи дуюм теъдоди корбарони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,3 млн муштариён ва корбарони алоқаи мобилӣ — ҳудуди 6,8 млн муштариёнро ташкил додааст, ки 3,3 млн муштариёни онҳо фаъол мебошанд.
Ба ин тариқ, даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар маҷмӯъ зиёда аз 2,1 млрд сомонӣ ё худ 197 млн долларро ташкил додааст, ки 9,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.
17:10 24 июл
Ҷумҳурӣ бо нархи миёнаи 1,65 доллар барои 1 Гб дар зинаи 142-юм дар ҷаҳон қарор дорад. Барои муқоиса: Қирғизистон — зинаи 8-ум (0,17 $), Ӯзбекистон — зинаи 22-юм (0,30 $), Қазоқистон — зинаи 35-ум (0,41 $).
Дар радабандии моҳи июли Speedtest Global Index Тоҷикистон миёни 162 кишвари сайёра аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар мақоми 143-юм ва суръати интернети сабтшудаи васеъхат дар зинаи 125-ум ҷойгир шудааст. Мутаносибан Қазоқистон зинаҳои 56 ва 94-ум, Қирғизистон — 66 ва 85-ум ва Ӯзбекистон зинаҳои 74 ва 82-юмро касб кардаанд.
Сарчашма: .asiaplustj.info
Даромад асосан аз ҳисоби хидматрасониҳо ба алоқаи телефони байнишаҳрӣ ва байнулмилалӣ (61,5%) ва интернет (29,0%) афзудааст.
Даромади операторони хусусии алоқа низ нисбатан камтар — 8,4% зиёд шудааст. Дар нимсолаи аввал онҳо ҳудуди 2 млрд сомонӣ (186 млн доллар) кор кардаанд.
Ҳиссаи операторони хусусӣ дар бозори хидматрасонии алоқаи ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал 94,1%-ро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, то оғози нимсолаи дуюм теъдоди корбарони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,3 млн муштариён ва корбарони алоқаи мобилӣ — ҳудуди 6,8 млн муштариёнро ташкил додааст, ки 3,3 млн муштариёни онҳо фаъол мебошанд.
Ба ин тариқ, даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар маҷмӯъ зиёда аз 2,1 млрд сомонӣ ё худ 197 млн долларро ташкил додааст, ки 9,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.
17:10 24 июл
«Нархи интернет боло бурда шавад, то буҷет ғанӣ гардад». Ҷонибдории як маъули Хадамоти алоқа аз боло бурдани нархи интернет
Дар ҳамин ҳол, дар радабандии навшудаи Worldwide mobile data pricing Тоҷикистон миёни кишварҳои арзиши интернеташон бештар баланд ва дар ҳамин ҳол, байни кишварҳои пасстарин суръати интернет қарор дорад.Ҷумҳурӣ бо нархи миёнаи 1,65 доллар барои 1 Гб дар зинаи 142-юм дар ҷаҳон қарор дорад. Барои муқоиса: Қирғизистон — зинаи 8-ум (0,17 $), Ӯзбекистон — зинаи 22-юм (0,30 $), Қазоқистон — зинаи 35-ум (0,41 $).
Дар радабандии моҳи июли Speedtest Global Index Тоҷикистон миёни 162 кишвари сайёра аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар мақоми 143-юм ва суръати интернети сабтшудаи васеъхат дар зинаи 125-ум ҷойгир шудааст. Мутаносибан Қазоқистон зинаҳои 56 ва 94-ум, Қирғизистон — 66 ва 85-ум ва Ӯзбекистон зинаҳои 74 ва 82-юмро касб кардаанд.
Сарчашма: .asiaplustj.info
Комментарии (0)