«ЗАНОН, ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА ҲИМОЯ АЗ ЗӮРОВАРӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз гардид

«ЗАНОН, ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА ҲИМОЯ АЗ ЗӮРОВАРӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз гардид
    Бо мақсади ҳамкории минбаъда дар самтҳои афзалиятнок ва майдони фарох барои баланд бардоштани нақши занон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҳарду давлат- Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории форум.

Дар форум гуфта шуд, ки хусусияти хоси муносибатҳои муосири Тоҷикистон ва Қазоқистонро сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва мувофиқати мавқеъҳо оид ба бисёр масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ ташкил дода, мулоқоти мунтазами Сарони давлатҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ замина мегузорад.

«Таҳким ва тавсеаи ҳамкории занони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар чаҳорчӯби форуми „Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ“ на фақат барои фароҳам овардани замина барои табодули афкор, иттилоот ва таҷриба, таҳияи тавсеаҳои ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду давлат замина мегузорад, балки таҳияи стратегия ва механизмҳои беҳтар намудани мавқеъ ва вазъи иқтисодии занон, баррасии монеаҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон муайян менамояд», — иброз дошт корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Сабоҳат Рустам.

Ёдовар мешавем, ки дар кори форум шахсони масъул оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, масъулон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, олимон, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорзанон, ташкилот оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон иштирок доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий