Аз вилояти Хатлон беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон боздид намудаанд

Аз вилояти Хатлон беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон боздид намудаанд
Соли 2021 аз вилояти Хатлон  беш аз 440 ҳазор нафар сайёҳон, аз ҷумла 2676 сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд, иттилоъ доданд шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дар вилоят баҳри ҷалб намудани шумораи сайёҳони хориҷӣ дар оянда низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз имконияти мавҷуда мақсаднок истифода карда мешавад.

«Дар айни замон дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 17 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 88 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ва гулгаштҳо, 83 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 17 ширкати сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд»,-хабар дод манбаъ.

Ҳамчунин бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба сайёҳон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳии вилоят сомонаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий