Дар Душанбе хатсайри нави автобусӣ ба фаъолият оғоз менамояд

Дар Душанбе хатсайри нави автобусӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Шурӯъ аз 24 январ дар пойтахт фаъолияти хатсайри микроавтобусии №55А (кӯчаи Фучик 60/1-Терминали дарвозаи ҷанубӣқатъ карда шудафаъолияти хатсайри автобусии №55 «Терминали дарвозаи ҷанубӣбоғи Локомотив» бо кӯчаҳои ҶанубӣНҚарабоевАҶомӣСоҳилӣСШерозӣСАйнӣАДониш ва ММастонгулов ба роҳ монда мешавадхабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар ин масир бо зиёд намудани шумораи автобусҳо таъмини мунтазами ҳаракат роҳандозӣ мегардад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи «АКИА ОРИЁ-LE8» истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистон ва Туркия моҳи январи соли 2018 ба фаъолият оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи «Акиа» истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.

Корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ бо номгузории тоҷикӣ — «Акиа Ориё» оғоз намуд.

Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст. Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кӯтоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.

Автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5» истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати «Мерседес Бенс» ва ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» мебошанд. Инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётии васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ ворид карда мешаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий