Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи марзиро имзо карданд

Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи марзиро имзо карданд
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷаласаи панҷрӯза аломагузории марзро баррасӣ карданд

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи навбатии марзиро имзо карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Бино ба гузориши манбаъ, рӯзҳои 20-25 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе, вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардидааст.

Гуфта мешавад, ки зимни нишаст тарафҳо натиҷаи корҳои геодезӣ-топографӣ, аэроаксгирӣ ва демаркатсионие, ки дар соли 2021 анҷом дода шуданд, ҷамъбаст кардаанд.

Ҳамчунин тарафҳо, Нақша-ҷадвали вохӯриҳои гурӯҳҳои кориро барои соли 2022 мувофиқа намудаанд.

Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд, ки вохӯрии навбатӣ дар Ӯзбекситон барпо гардад.

Дар поёни ин чорабинӣ протоколи дахлдор имзо шудааст.

Манбаъ афзуда, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузаштааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий