БОКС. Миҷгона Самадова ба марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

БОКС. Миҷгона Самадова ба марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Тавре қаблан хабар додем, дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Русия  Ҷоми 18-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардону занони аз 19 то 40-сола ба хотираи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ  Фармон  Салмонов  ҷараён дорад. Дар рӯзи сеюми  рақобатҳо дар доираи Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс Миҷгона Самадова, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар вазни 57кг намояндагӣ дорад, ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Миҷгона Самадова дар даври ½-финал бо қарори доварон бар варзишгари рус Малика Шаҳидова дастболо шуда, ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт. Акнун Миҷгона Самадова дар финал бо варзишгари дигари мизбон рақобат хоҳад кард. Рақобати финалӣ 11  декабр дар назар аст, хабар доданд аз Федератсияи  бокси  Тоҷикистон Меҳрони Қурбон.

Миҷгона Самадова, ки дар даври аввали Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс бар вазишгари Муғулистон Мичидма Эрденедалай пирӯз шуда буд, дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ бо намояндаи Лаҳистон Серафин Моника сабқат намуд. Дар ин вохӯрӣ ҳам Миҷгона Самадова бар  ҳарифаш дастболо шуд. Ӯ то анҷоми вақт тавонист сӯи ҳариф зарбаҳои зиёди мустақим равон кунад. Дар натиҷа доварон ғалабаро ба муштзани тоҷик доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқот варзишгарони дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова ва  Сулаймон Нодиров низ ба ринг баромаданд, вале аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий