Зане дар Душанбе бо иттиҳоми дуздии кӯдаки ду моҳа боздошт шуд

Зане дар Душанбе бо иттиҳоми дуздии кӯдаки ду моҳа боздошт шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе аз боздошти ҷавонзане хабар медиҳад, ки дар одамрабоӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, санаи 30 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 15.00 дақиқа ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабари дуздида шудани кӯдаки навзоди 2 моҳа дар ҳудуди Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13 (собиқ Поликлиникаи №1) ворид гардид.

Ин ниҳод мегӯяд, бо расидани хабар гурҳи махсус сафарбар гардида, шабона гиреҳи ҷиноят кушода шуда, соати 4.20 дақиқаи саҳар гумонбаршаванда берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир ва кӯдаки навзоди 2 моҳа сиҳату саломат дарёфт гардид.

Ин ниҳод мегӯяд, гумонбаршаванда ҷавонзани 29 - сола А.Н.Р, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад
"Ӯ зимни қарордошт дар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2 моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудини модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта ба самти номаълум ғайб задааст", - aфзудааст манбаъ.

Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.


Сарчашма:sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий