Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ҳашиш - Видео
Раёсати ВКД Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод. Аз ӯ 9 кило ҳашиши афғонӣ дарёфт кардаанд
Дар вилояти Бодканд як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши фурӯши маводи мухаддир боздошт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ.
"Дар ҳудуди деҳаи Ҷаштиқ, дар шоҳроҳи ҳаммарз бо Ҷумҳурии Тотористон, ҳангоми ташкили интиқол ва фурӯши маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон З.З. дастгир карда шуд", - хабар медиҳад ВКД.
Бино ба гузориши манбаъ, зимни кофтуков аз ин мард чанд борхалта бо вазни умумии 9 кило бо лентаи часпак печонидашуда дарёфт карда шуд, ки бӯи хоси ҳашиш дошт.
Тибқи хулосаи экспертизаи судии кимиёвӣ, маводи мусодирашуда ҳашиши тавлиди Афғонистон мебошад.
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 267-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон "Таҳияи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва амсоли онҳо бо мақсади фурӯш" парванда боз шудааст.
Манбаъ афзуда, ки гумонбаршуда дар боздоштгоҳи муваққатии Шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Лейлек ҷойгир карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Комментарии (0)