Қирғизистон амният дар марз бо Тоҷикистонро таҳким мебахшад: сабаб

Қирғизистон амният дар марз бо Тоҷикистонро таҳким мебахшад: сабаб
Муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон барои тақвияти амният дар марз бо Тоҷикистон фармон содир кард

Мақомоти Қирғизистон амният дар қитъаи сарҳади Қирғизистон - Тоҷикистонро тақвият доданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶҚ.

Фармони тақвияти амнияти марзиро муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Октябр Урмамбетов содир кардааст.

Вазир ба қисми низомии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Бодканди кишвар дастур додааст, ки чораҳои амниятиро тақвият дода, шумораи посбонони пиёдагард дар марз бо Тоҷикистонро афзоиш диҳанд.

"Муовини вазир аз иншооти стратегии "Головной" дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд дидан кард ва бо сохтмони биноҳои нав барои нерӯҳои қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ошно шуд", - гуфта мешавад дар хабар.

Урмамбетов ҳамчунин ба қисми низомии Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳаи Кӯктош супориш дод, ки амнияти ҷамъиятиро дар сарҳад таъмин намуда, шумораи посбонони пиёдагардро афзоиш диҳанд.

Иқдоми тақвияти амният ба интихоботи қарибулвуқуи парлумонӣ дар ин кишвар рабт дода мешавад, ки қарор аст, 28 ноябр баргузор гардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВУД Қирғизистон, Урмамбетов ҳамчунин амр додааст, ки фаъолияти оперативӣ ва хидматӣ тақвият, риояи қатъии интизоми хидматӣ ва қонуният тақозо шавад.

Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.

Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.

Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.

Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокиротие изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.

Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.

Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.

Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий