28 ҳазор доллар ва 60 ҳазор сомониро дар кучаи Рӯдакӣ дуздиданд

28 ҳазор доллар ва 60 ҳазор сомониро дар кучаи Рӯдакӣ дуздиданд
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми сентябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз дохили ҷузвдонаш 27 ҳазору 900 доллари амрикоӣ ва 60 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиаса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий