Юсуф Раҳмон аз хатарҳои Афғонистон гуфту бо Ӯзбекистон барномаи ҳамкорӣ имзо кард

Юсуф Раҳмон аз хатарҳои Афғонистон гуфту бо Ӯзбекистон барномаи ҳамкорӣ имзо кард
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи 31-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ ширкат кард

Додситонҳои кулли кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Нурсултон ҷаласаи 31-уми Шӯрои ҳамоҳангсозияшонро баргузор карда, аз чолишҳои нав, аз хатарҳои Афғонистон гуфтанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз мушкилоти марбут бо террористони байналмилалӣ дар пасманзари ҳаводиси Афғонистон гузориш додааст.

Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон дар бораи мубориза бо "ДОИШ"* ва дигар ташкилотҳои байналмилалии террористӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳошияи "омили Афғонистон" изҳори назар кардааст.

Дар ин ҷаласа, ки додситонҳои кулли Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия иштирок намуданд, масоили марбут ба ҷиноятҳое, ки бо истифода аз фанноварии иттилоотӣ сурат мегиранд, терроризму ифротгароӣ, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо коррупсия баррасӣ кардаанд.

Юсуф Раҳмон дар ҳошияи ин ҳамоиш бо бархе аз додситонҳои кишварҳои узви ИДМ мулоқоти дуҷониба анҷом дода, бо Ӯзбекистон барномаи ҳамкорӣ миёни додситониҳои кулли ду кишвар барои солҳои 2022-2023 -ро ба имзо расондааст.

*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Комментарии (0)

Оставить комментарий