Холиқзода: "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" беш аз 50% пули амонатгузоронро доданд

Холиқзода: "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" беш аз 50% пули амонатгузоронро доданд
Ҳоким Холиқзода, раҳбари Бонки милли Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарие гуфт, "Тоҷиксодиротбонк" - 66% уҳдадориҳои худро дар назди муштариён, аз ҷумла 72% - дар назди сармоягузорони хусусӣ иҷро кард.

Ба иттилои манбаъ, "Агроинвестбонк" бошад, 42% пули муштариён, аз ҷумла 47% маблағҳои амонатгузорони хусусиро то кунун пардохт кард.

Ба гуфтаи раиси БМТ, ҳамакнун шумораи амонатгузорони "Тоҷиксодиротбонк" аз 56,6 ҳазор нафар то 5933 нафари ҳозира, яъне қариб 10 маротиба коҳиш ёфта, қарзи умумии "Агроинвестбонк" назди муштариён аз 2,4 миллиард сомонӣ то 1,38 миллиард коҳиш ёфтааст.

Ба ҳамин минвол дар умум бонкҳои замоне низомсози кишвар ва ҳоло қарздор, 52 фоиз маблағҳои муштариёнашонро гардонидаанд.

Ёдовар мешавем, 21 май БМТ аз бозхонди иҷозатномаҳои ду бонки бузурги - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" хабар дод.

Рӯзи 26 май бошад Фонди суғуртаи пасандозҳои Тоҷикистон ба амонатгузорони ин бонкҳо иттилоъ дод, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонд пурра ҷуброн карда мешаванд.

“Тоҷиксодиротбонк” ва Агроинвестбонк” ду бонке мебошанд, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба гирдоби буҳрони густардае афтоданд ва ахиран барҳам дода шуданд.

“Тоҷиксодиротбонк”, бонке, ки дар миёни бонкҳои тиҷоратӣ қудратмандтарин ба ҳисоб мерафт, соли 2015, замони мувоҷеҳ шуданаш ба мушкилоти молӣ 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дороӣ дошт.

Дар шарҳи барҳамдии бонкҳо, Бонки миллӣ гуфт, бо вуҷуди дастгирии ҳукумат онҳо натавонистанд аз варшикастагӣ раҳо ёбанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий