Зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд

Зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд
Аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 10 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар ду марҳила 5,0 млн. қарзи имтиёзнок ва дар ду марҳилаи дигар 5,0 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ҷудо карда мешавад. Татбиқи лоиҳа аз соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, дар доираи лоиҳа зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд.

Дар ин бора Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни баррасии яке аз масъалаҳои дар рӯзномаи  иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баррасишуда, ки 9 июни соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, иттилоъ дод.

Вазири молия ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи лоиҳа, инчунин Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри ­Душанбе»-и­ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 14 апрели соли 2021 дар ҳаҷми 5 млн. доллар ба муҳлати 15 сол, аз он ҷумла 4 сол муҳлати имтиёзнок ва бо меъёри тағйирёбандаи  фоизӣ ба имзо расонида шудааст.

-Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа кам намудани талафоти ғайримеъёрии неруи гармии дар пойтахт истифодашаванда, коҳиш додани арзиши истеҳсолии неруи гармӣ ва бартараф намудани садамаҳо дар шабакаҳои оби гарми шаҳри Душанбе мебошад, -таъкид намуд вазири молия.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода тазаккур дод, ки дар доираи лоиҳа, инчунин насби қубурҳои ҷадид ва низоми  автоматикии таъминоти оби гарм дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон муҷаҳҳазгардонӣ бо техника ва механизмҳои нав пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи лоиҳа барои ба таври автоматӣ баҳисобгирии неруи гармӣ, танзими кори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, баҳисобгирии электронии маблағи хизматрасонии гармидиҳии муштариён, ба роҳ мондани шаклҳои муосири қабули пардохт бе иштироки назоратчиёнро таъмин менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий