Имзои Ёддошти тафоҳум: Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳоҷирати меҳнатиро танзим хоҳанд кард

Имзои Ёддошти тафоҳум: Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳоҷирати меҳнатиро танзим хоҳанд кард
Ёддошти тафоҳум миёни вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ба имзо расид

Дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ тибқи Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо ҳамкориро дар самти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳияи сиёсати фаъол дар бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати қувваи корӣ, таҳия ва истифодаи стандартҳои касбӣ ва тахассусӣ, омӯзиши касбии шахсони бекор ва корҷӯ мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, ташкил ва такмили кор дар самти назорат оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, назорати риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён, гузаронидани тадқиқотҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба роҳ мемонанд.

Ёдрас мешавем, ки Президенти Ӯзбекистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар доираи ин сафар Шавкат Мирзиёев аз вилояти Суғд низ боздид мекунад.

Дар доираи ин сафар дар назар аст, раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо расонанд.

Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон содагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.

Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий