Соҳибкорони қазоқ ба Тоҷикистон меоянд

Соҳибкорони қазоқ ба Тоҷикистон меоянд
17 май дар Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад

Миссияи истеҳсолкунандагони молҳои Қазоқистон дар Тоҷикистон аз 17 то 19 май дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев доир мегардад.

Форуми тиҷоратӣ аз ҷониби ҶСК "Маркази рушди сиёсати тиҷоратии "QazTrade""-и Қазоқистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Интизор меравад, ки дар форум намояндагони ширкатҳои миллии соҳибкории Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ширкат варзанд.

Намояндагони ҷомеаи тиҷоратӣ имконияти таъмиқи ҳамкориро баррасӣ мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев мулоқот кард.

Дар ин мулоқот, масоили марбут ба рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин ҷонибҳо оид ба имконияти таҳкими ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои дахлдори он, аз ҷумла Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот М. Мирзагалиев даъвати ҷониби Тоҷикистонро барои сафар ба Душанбе қабул кард.

Ӯ дар Машварати роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки баргузории онҳо 26-29 июли 2021 дар Душанбе дар назар аст, ширкат хоҳад кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий