"Облава" набуд, ҷинояткорро боздошт кардем: санҷиши наворе аз сӯи ВКД

"Облава" набуд, ҷинояткорро боздошт кардем: санҷиши наворе аз сӯи ВКД
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе нашри як навореро дар интернет, ки “облава” гуфта мешуд, шарҳ дода гуфтааст, ки чунин набуд.

Ба иттилои манбаъ, ин навор санаи 6 апрел дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ навори дастгиркунии як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони милитсия паҳн гардида.

Корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба ҳодисаи ҷалби маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки дар байни ҷомеа ҳамчун “облава” маъруф аст, рабт додаанд.

Зимни санҷиши қазия муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур ба ҷалби маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ робита надошта, балки лаҳзаи боздошти ҷинояткор аст.

Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда Идибегов Имомалии 39 - сола, ҷинояткори расман дар ҷустуҷӯ дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳамчун аъзои ташкилоти террористии ДИИШ (фаъолиятиш дар Тоҷикистон мамнӯъ) қарордошта, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Россия, деҳаи Яккатут, оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Манбаъ мегӯяд, қаблан нисбати боздоштшуда тибқи талаботи моддаи 205 - и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда аз тафтишоти пешакӣ пинҳон ва бо роҳи фирор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий