Дар болояш "палто" пӯшиду рафт: тафсилоти куштори кӯдак аз ҷониби зани бемор дар Душанбе

Дар болояш "палто" пӯшиду рафт: тафсилоти куштори кӯдак аз ҷониби зани бемор дар Душанбе
Хабари куштори кӯдаки 7-сола дар Душанбе сокинонро ба таҳлука андохтааст. Ҳамсояҳои марҳум дарвозаҳоро баставу фарзандонашонро ба кӯча намегузоранд

Ҳодисаи куштори як писараки синфи 1-уми мактаби рақами 50- и пойтахт Аҳмадҷон Абдураҳмонов дар кӯчаи Олег Кошевойи Душанбе рух додааст. Гумонбаршавандаи асосӣ, хешованди писарак, ҳамсари амаки падари кӯдак Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола гуфта мешавад.

Зан рӯзи ҳодиса, писаракро ба хонааш даъват кардаву баъди чанд дақиқа аз манзил берун мешавад ва нопадид мегардад. Ҷасади писаракро аз хонаи зан пайдо мекунанд.

Хабар дар бораи ин ҳодиса, ки шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, феълан аз ҷониби мақомот тавзеҳ дода нашудааст.

Ба Sputnik Тоиҷикистон даст дод, ки бо шоҳиди ҳодиса, яке аз аъзои хонавода, ки нахост номаш ифшо шавад, сӯҳбат кунад. 

Ба гуфтаи вай, рӯзи панҷум писарак пас аз дарс бояд ба хона бармегашт, аммо наомад. Пайвандонаш ӯро тӯли се соат, аз соати 14 то 17 ҷустуҷӯ карданд, ки бенатиҷа буд.

Дар ҳамин ҳол, баъди чанде ҷисми беҷони кӯдакро амаки падараш аз манзилаш пайдо кардааст. Зани мард писаракро ба хона дароварда бурдааст.

Ба гуфтаи узви хонаводаи марҳум , камераҳои мушоҳидавӣ сабт кардаанд, ки чигуна гумонбаршаванда, ҳамсоя ва хешованди хонавода Муборак Абдураҳмонова писаракро ба манзилаш медарорад ва баъди даҳ дақиқа худ берун шудаву меравад.

Ӯ меафзояд, ҳодиса пас аз зӯҳри 5 март, вақте Аҳмадҷони 7-сола аз мактаб бармегашт, рух дод.

Зани гумонбаршаванда, ки гуфта мешавад, бемории рӯҳӣ дошт, дар ҳамсоягии писараки марҳум ба сар мебурдааст.

"Зани амакам дар назди хона, ки мағоза доранд, савдо мекард. Ҳамон рӯз Аҳмадҷон вақте аз мактаб бармегашт, даъват мекунад. Ӯ давида ба назди зан мераваду дар як лаҳза ӯ кӯдакро ба дарун кашола карда медарорад, ин ҳама дар камераи мушоҳидавӣ ҳаст", - мегӯяд зан.

Амакам, ки ин вақт дар бозор будааст ба хона меояд ва дари мағозаву хонаро баста дида ба таҳлука медарояд, меафзояд ӯ.

"Амакам авал мағозаро мебинад, сипас ҳуҷраҳоро як як аз назорат мегузаронад, ки касе нест. Билохира ба ҳуҷрае ки дар даорун аст медарояд ва кӯдаки моро оғӯштаи хун пайдо мекунад", - меафзояд вай.

Ба гуфтаи духтарак, вақте ҷасади Аҳмадҷони 7-соларо пайдо каданд, бо шикам дар рӯи фарш хобонида шуда буд ва дар болояш палто пӯшида буд.


Ба қавли ӯ, дар навор дида мешавад, ки ҳамагӣ пас аз 7 -10 дақиқа гумонбаршаванда аз манзил берун мешавад, дари мағоза ва дари хонаашроо қуфл мезанад ва меравад.

"Амаким пас аз дидани ин ҳодиса аз тарс падарамро фарёд мекунад. Падарам фикр мекунад, ки ба занаш чизе рух додааст, аммо вақте меравад, мебинад, ки ҷиянам дар даруни хун хобидааст. Ба сараш бо чизе задаанд, ки хуни зиёд рафтааст", - бо алам идома медиҳад вай.

Зани гумонбаршаванд то ҳол нопадид асту онҳо ба милиса хабар додаанд.

"Ҳамаи ҳамсояҳомон дарашон маҳкам баставу кӯдаконашонро ба берун намемонанд", - меафзояд вай.

Аммо ба қавли хонаводаи Аҳмадҷон, зани гумонбаршаванда бемрии рӯҳие надошт ва саломат буд.

"Бемор набуд. Ӯ баъди куштор либосҳояшро дигар кардаву либоси хунолудашро бо худ гирифтааст, магар инсони бемори рӯҳидошта чунин мекунад", - мегӯяд вай ва меафзояд, ки танҳо мехоҳанд, ки ин зан ба дигарон зарар нарасонад ва ба зудӣ дастгир шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий