Генерали тоҷик бо ҳамтои эронияш амнияту табодули иттилоъро баррасӣ кард

Генерали тоҷик бо ҳамтои эронияш амнияту табодули иттилоъро баррасӣ кард
Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ густариши ҳамкориҳоро дар умури амният баррасӣ намуд

Тибқи иттилои ВУД, Раҳимзода ва Фазлӣ дар Кохи Сомон, бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумат ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосирро баррасӣ кардаанд.

“Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бо Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи амниятӣ муҳокима карда буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар мулоқот зикр шуд, ки то ба имрӯз миёни кишварҳо зиёда аз 160 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳоро ташкил медиҳанд.

"Вобаста ба ин сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Эронро ба аҳамияти иҷрои фаъоли муқаррароти санади мазкур ҷалб кард", - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳур.

Комментарии (0)

Оставить комментарий