Таъсири COVID-19 ба низоми бонкӣ: дар Суғд 9 бонкдор фавтиду 743 нафари дигар бемор шуд

Таъсири COVID-19 ба низоми бонкӣ: дар Суғд 9 бонкдор фавтиду 743 нафари дигар бемор шуд
Масъулони шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд шумори бонкдорони сироятёфта ба коронавирус ва фавтидагон аз ин вирусро эълон кард

 Наврӯз Валиев, сардори шуъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи асароти пандемияи каронавирус дар низоми бонкдорӣ дар вилояти Суғд иброз намуд.

Вай гуфт, соли гузашта аз ҷабри COVID-19, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ҳудуди вилоят ба ҷуз зарари иқтисодӣ талафоти ҷонӣ дидаанд.

“Боиси афсус аст, ки дар ин давра бисёр ҳамдиёрони мо ба ин беморӣ гирифтор шуданд аз ҷумла кормандони бонкҳо. Мувофиқи ҳисоботҳое, ки мо дорем дар ин давра 743 нафар кормандони ташкилотҳои қарзӣ ба каронавирус гирифтор шуда, ин беморӣ риштаи ҷони 9 нафар аз ҳамкорони моро канда кард”, -  гуфт Валиев.

Дар замони хуруҷи ин бемории ҳамагир бисёре аз бонк ва ташкилотҳои қарзӣ бо усули фосилавии кор гузашта фаъолияти 737 кормандро таъмин намудаанд. Гузаштан ба ин низоми нави фаъолият хароҷоти зиёдро дар пай дошт, вале барои кам намудани хавфи сироятёбӣ аз “вируси корона” бонкҳо ногузир буданд, таъкид дошт Валиев.

Бино ба иттилоъи шуъбаи Бонки миллӣ дар Хуҷанд бо сабаби хуруҷи беморӣ ҳудуди 1000 корманди бонк ва ташкилотҳои қарзӣ дар  Суғд ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шудаанд.

Наврӯз Валиев гуфт, ки чигуна ин беморӣ ба рушди иқтисод ва фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар Суғд зарба задааст.

Бино ба иттилоъи ӯ, дар соли 2020 аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ба андозаи 3 миллиарду 45 милион сомонӣ ба субъектҳои хоҷагидор қарз дода шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2019, 379 миллион сомонӣ ё ба ҳисоби 11 дарсад кам шудааст.

Зимнан дар вилояти Суғд, 2 бонки мустақил, 4 ташкилоти амонати-қарзии хурд ва 9 фонди қарзии хурд расман фаъолият мекунанд.

Наврӯз Валиев изҳор намуд, ки Тоҷикистон ҳам ҷузъи таркибии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ва ғайриинтизор пандемияи каронавирус ба соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар аз ҷумла фаъолияти бонкӣ ҳамин гуна бе таъсир намондааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий