COVID - 19 нест: омори тозаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон

COVID - 19 нест: омори тозаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон
Муддати 10 рӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта намешавад

Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта низ дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятшавӣ аз вируси COVID - 19 сабт нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ дар Тоҷикистон 13 308 нафар дардманд гардиданд.

Ҳоло бошад, аз ин миқдор гирифторон аллакай 13 218 нафар шифо ёфта, аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд. Манбаъ меафзояд, дар Тоҷикистон 99,3 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

Аммо бояд гуфт, ки аз аввали хуруҷи ин беморӣ то рӯзи 15 январ, дасти кам 90 мариз ҷони худро аз даст доданд.

Бо вуҷуди он ки чанд рӯз пайдаҳам ягон мавриди сироятшавӣ дар кишвар сабт нашудааст, вале маҳдудиятҳое, ки қаблан ҷорӣ буданд, ҳоло ҳам бекор карда нашудаанд.

Аз ҷумла, дари масоҷид ҳамоно ба рӯи намозгузорон баста аст. Тӯю маъракаҳои дигари хурсандӣ низ бо ҳузури теъдоди ками меҳмонон баргузор мешаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий