Солҷашни 59-ум ва 12 соли раисӣ дар Кумитаи андоз: Давлатзода кист?

Солҷашни 59-ум ва 12 соли раисӣ дар Кумитаи андоз: Давлатзода кист?
Нусратулло Давлатзода, ки расо 12 сол роҳбарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистонро ба уҳда дорад, имрӯз 59-солагияшро таҷлил мекунад

Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Давлатзода корашро ба ҳайси нозир оғоз карда, 12 соли охир - аз 16 январи соли 2009 то ҳол раиси Кумитаи андоз мебошад.

Нусратулло Давлатзода 15 январи соли 1962 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2006 Академияи хизматии давлатии Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Тибқи тарҷумаи ҳоли Давлатзода, ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 1982 то соли 1987 нозир оид ба маблағгузории хоҷагии қишлоқи шуъбаи молияи ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб будааст.

“Солҳои 1987-1989 – сармуҳосиби Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб, солҳои 1989-1990 – муовини раиси Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб, солҳои 1990-1991 – тафтишотчии пешбар, сартафтишотчии Иттиҳодияи истеҳсоли меваю сабзавоти “Кӯлоб”-и вилояти Кӯлоб буд”, - омадааст дар ҳолнома.

Солҳои 1991-1992 - мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисоботу тафтишотии Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб, солҳои 1992-1995 – директори Идораи ҳисоби хоҷагии савдои “Марҳабо”-и вилояти Хатлон, солҳои 1995-1997 – сардори шуъбаи савдои Базаи ҷумҳуриявии яклухтфурушии “Тоҷик-баққолисавдо” будааст.

Ӯ солҳои 1997-1998 ба ҳайси сарревизор-назоратчии Раёсати санҷиш ва назорати молиявии Вазорати молия, солҳои 1998-1999 – нозири калони андози Идораи санҷиши андозсупорандагони Кумитаи андоз кор кардааст.

Сипас дар мақомоти андози вилояти Ленинобод ва солҳои 2002-2006  дар вазифаи сардори Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Солҳои 2006-2009  муовини аввали раиси Кумитаи андоз ва аз 16 январи соли 2009 то ҳол раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид шудааст, ки Давлатзода оиладор ва соҳиби 7 фарзанд мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий