Сироҷиддин Муҳриддин ба Корея сафар кард

Сироҷиддин Муҳриддин ба Корея сафар кард
Мақсад аз сафари расмии вазири тоҷик ба Корея иштирок дар Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея гуфта мешавад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Корея сафар кард, гузориш медиҳад ВКХ.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳриддин бо сафари расмӣ 23 ноябр озими Корея гаштааст.

Дар доираи ин сафар вазири тоҷик дар форум иштирок хоҳад кард.

"Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи ин сафар инчунин дар Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок мекунанд", - менависад манбаъ.

Ёдрас мешавем, чанде пеш 24 ноябр раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими Русия гашт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий