Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд
Сиёсатмадори рус Владимир Жириновский муттаҳидшавӣ бо Русияро ягона роҳи наҷот барои ҳифзи амнияти ҷумҳуриҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ номид

Сиёсатмадори Русия, раҳбари ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский дар эфири радиои "Комсомольская правда" вазъи Қарабоғи Кӯҳӣ шарҳ дод.

Ӯ гуфт, артиш ва силоҳи Русия ба Арманистон дар муқовимат бо ҷангиёне, ки аз Сурия оварда шудаанд, наонқадар кумак мекунад.

Жириновский қайд кард, ки дар сурати паҳн шудани таҳдиди террористӣ, Арманистон ба ҷуз аз пайвастан ба Русия роҳи дигаре нахоҳад дошт.

"Мо амалан собиқ ИҶШС-ро хоҳем гирифт, танҳо дар нусхаи кандашуда - як қисми Молдова, як қисми Гурҷистон, як қисми Озарбойҷон, тамоми Арманистон. Ман итминон медиҳам, ки бо муносибати хуб бо Тоҷикистон ва Раҳмон як чеҳраи оқил аст ва ӯ розӣ мешавад, ки ба Русияи нав комилан ҳамроҳ шавад. Ман онро Русияи бузург меномидам",-гуфт, Жириновский.

Сиёсатмадор ба ҷонибдории ақидаи худ, изҳор дошт, ки Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон наметавонанд барои шикасти гуруҳҳои ҷиноӣ аз Афғонистон тоб оранд ва онҳо ба кумаки Русия ниёз доранд.

Жириновский дар хулоса гуфт, ки муттаҳидшавӣ бо як қатор кишварҳои собиқ ИҶШС ба ташкили давлати нав ва ҳалли як қатор масъалаҳои амниятӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий