Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷурми одамкушӣ, хабар медиҳад

 Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда, рӯзи 21-уми октябр, дар бозори воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд, бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор вохӯрдааст.

Онҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори "Панҷшанбе" хӯрок ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-сола рафтаанд.

Ба иттилои ВКД, дар аснои даъвои маблағи пулӣ муноқиша ба миён омадааст, ки марди 38-сола аз анборхонааш табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.

"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий