Белоконев: "якумин бор чунин интихоботро мебинам"

Белоконев: "якумин бор чунин интихоботро мебинам"
Олег Белоконев  узви гурӯҳи нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақилро субҳхезии мардуми Тоҷикистон ба ҳайрат овардааст

Олег Белоконев  узви гурӯҳи нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил гуфт? аввалин бор дар умраш чунин интихобот мебинад.

"Ман ба шумо гулгулшукуфоӣ таманно мекунам,шумо дар воқеъ кишвари аҷиб ҳастед, бори аввал чунин интихоботро мебинам, ки соати 6:00 - и субҳ оғоз мешавад. Зиёда аз ин, соати 6:30 аллакай мардум рақс мекарданд ва моро низ даъват менамуданд. Ин нишони меҳмоннавозии шумо аст ва дар воқеъ ин барои шумо як ҷашн буд. Муборак шавад!", - гуфт Белоконев зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки интихоботи рӯзи 11 октябр, мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон ва қавонини кишвар гузаронида шуда ба ҳамаи принсипҳои байналмилалии демократия ҷавобгӯ мебошад.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр доир шуд.

Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байнулмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ ташриф оварданд.

Аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 - 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуда? бори панҷум дар интихобот пирӯз шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий