Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзиаш шодбош гуфт

Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро бо пирӯзиаш шодбош гуфт
Лукашенко саҳми Раҳмонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ва таҳкими обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард

 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Белорус Александр Лукашенко телефонӣ суҳбат карданд.

Александр Лукашенко Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба ӯ таманниёти неки худро ҷиҳати сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти минбаъдаи сермасъули давлатиаш, ба тамоми мардуми Тоҷикистон некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзу кардааст.

"Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кардаст", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки сарони давлатҳо дар фазои дӯстона атрофи вазъи кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар мубодилаи афкор анҷом дода, роҳҳои густариши минбаъдаи онҳоро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий