Барои муҳоҷирони рафта ва баргашта: дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис меёбад

Барои муҳоҷирони рафта ва баргашта: дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис меёбад
Ин масъаларо Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнати Тоҷикистон бо Михаел Шпиделеггер, Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) баррасӣ карданд

 Байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба имзо расид.

Бино ба гузоиши Вазортаи меҳнат ва муҳоҷират, ин ёддошт рӯзи 25 сентябр имзо шуд.

Зимни ба имзо расонидани санади мазкур, Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнати Тоҷикистон ва Михаел Шпиделеггер, Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) зикр намуданд, ки Ёддошти мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Вазорат ва Маркази мазкур дар самти муҳоҷират заминаи мусоид мегузорад.

Гуфта мешавад, ки тибқи Ёддошти тафоҳуми зикршуда, баргузории як қатор чорабиниҳо барои самаранокии идоракунии муҳоҷират, такмили минбаъдаи сиёсати миллии муҳоҷират, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии инфиродӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафари онҳо ба хориҷи кишвар ва баъди бозгашт ба Ватан дар назар аст.

Ҳамчуни дар доираи ин санад, баргузор намудани семинарҳои омўзишию тренингҳо барои  кормандони  сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳал оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо ва тақвияти фаъолияти мақомоти муҳоҷират, омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, ташкили машварату ҷамъомадҳои сайёр дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, омўзиши қонунгузории давлатҳои қабулкунанда  ҷиҳати  ба роҳ мондани муҳоҷирати қонунӣ, пешбинӣ мегардад.

"Дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур, аз ҷониби Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират, Маркази захираҳои муҳоҷират дар шаҳри Душанбе (Migrant Recourse Centre) таъсис дода мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Мавриди зикр аст, ки МБРСМ ҳамчун ташкилоти махсуси байналмилалӣ 1 майи соли 1993 дар шаҳри Вена таъсис ёфта, айни ҳол зиёда аз 50 давлати Аврупо ва кишварҳои Роҳи абрешим, инчунин 10 ташкилоти байналмилалӣ иштирокчиёни он мебошанд.

Фаъолияти МБРСМ  ба таҳияи системаҳои ҳамаҷониба  барои  таъмини муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ дар кишварҳои аъзо  равона шуда, он бунёди дарозмуддати  ҳамкории шарикиро дар ин самт бо кишварҳои Аврупо ва давлатҳои Роҳи абрешим амалӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2003 инҷониб ба Маркази байналмилалии мазкур шомил гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий