Баъди 20 соли бехонагӣ: соҳибкорон ба Ҷонаковҳо аз номи Президент хона доданд

Баъди 20 соли бехонагӣ: соҳибкорон ба Ҷонаковҳо аз номи Президент хона доданд
Оилаи Ҷонаковҳо баъди 20 соли бехонагӣ, ахиран дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардидаанд

Оилаи Ҷонаковҳо, ки панҷ фарзанд доранд, аз сабаби бехонагӣ тайи 20 сол дар нуқтаҳои сузишворӣ, вагонҳои хоҷагии деҳқонӣ ва ба ин монанд дар бошишгоҳи саҳроӣ бо азобу машаққати зиёд зиндагӣ мекарданд, навиштааст сомонаи "Фараж".

Манбаъ хабар дод, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳри Левакант аз номи роҳбари давлат ба Ҷонаковҳо калиди хонаи дуҳуҷрагӣ дода шуд. Ин хонаро ба оилаи Ҷонаковҳо соҳибкорони хайрхоҳи вилояти Хатлон туҳфа карданд, илова намудаст нашрия.

Муҳаббат Ҷонакова, модари хонадон ба “Фараж”  гуфтааст, ҳеҷ бовар надошт, ки баъди солҳои зиёди сарсониву саргардонӣ дар вагонҳои вайрона ва бошишгоҳи саҳроӣ соҳиби манзили зист ва замин мешавад.

Зикр шудааст, ки инчунин раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия барои Ҷонаковҳо 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои замин низ бо супориши раиси ноҳия барои онҳо ройгон омода гардидаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий